Иштироки ҷавонони точик дар Ҷоми Иттиҳод-2015
Душанбе, 06.01.2015. (АМИТ “Ховар”, Ситораи Боймурод).- Алишер Тӯхтаев, сармураббии мунтахаби ҷавонони футболи Тоҷикистон (U-21), бозингаронеро, ки барои ширкат дар Ҷоми Иттиҳод-2015 ба Санкт-Петербурги Русия мераванд, номбар кард. Ба ҳайати ниҳоии даста 19 футболбоз — 2 дарвозабон, 7 ҳимоятгар, 6 нимҳимоятгар ва 4 ҳамлагар дохил аст.
Ба иттилои Федератсияи футболи кишвар, дастаи мунтахаби ҷавонони футболи Тоҷикистон (U-21) дар мусобиқаи XXIII байналмилалии Ҷоми Иттиҳод-2015, ки аз 16-ум то 25-уми январи соли равон бо ширкати 12 даста дар Маҷмааи варзишию фарҳангии «Петербургский»-и шаҳри Санкт-Петербурги Русия баргузор мегардад, дар гурӯҳи «С” бо дастаҳои Африқои Ҷанубӣ, Литва ва Қазоқистон рақобат хоҳад кард.
Гуфта мешавад, ки мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон нахустин бозиашро 17-уми январ бо дастаи Қазоқистон, бозии дувумашро 18-уми январ бо тими мунтахаби Африқои Ҷанубӣ ва бозии севумашро 20-уми январ бо дастаи Литва анҷом медиҳад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






