Иштироки А. Қодирӣ дар маъракаи ниҳолшинонӣ
Хуҷанд, 19.01.2015. (АМИТ “Ховар”, Абдуаҳад Шарифзода).-Соли равон дар миқёси шимоли кишвар тибқи Қарори раиси вилояти Суғд «Соли 2015 — соли гулҳо» эълон шудааст. Вобаста ба ин дар ҳамаи шаҳру навоҳии вилоят корҳо дар ин самт бо маром идома доранд.
Дирӯз дар шаҳри Хуҷанд маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор гардид, ки дар он раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ва раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода низ иштирок намуданд. Тавре ки ба АМИТ “Ховар” аз дастгоҳи мақомоти шаҳри Хуҷанд иттилоъ доданд, маъракаи ниҳолшиноние, ки дар майдони шафати назди кӯпруки марказии шаҳр, воқеъ дар хиёбони Исмоили Сомонӣ ҷойгир аст, бо ташаббуси шаҳрдорӣ Хуҷанд баргузор гардид. Дар он роҳбарон ва кормандони воҳидҳои сохтории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд, идораи Сарраёсати ободонӣ хоҷагию манзилӣ ва коммуналии шаҳр, сокинони маҳаллаи “Сирдарё” ва аҳли ҷамъияти шаҳр иштирок доштанд.
Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ сокинони маркази вилоятро даъват намуд, ки дар корҳои ободонӣ ва сабзазоркунии шаҳри Хуҷанд саҳмгузор бошанд. Дар ин рӯз дар маъракаи ниҳолшинонӣ дар миқёси шаҳр аз тарафи иштирокчиён наздик ба 1000 бех ниҳоли сӯзанбарги “Ардач” шинонида шуда, ҳамзамон мавзеъҳои вобасташуда аз дарахту буттаҳои хушкшуда, алафҳои бегона ва ҷӯйборҳо аз партов тоза шуданд.
Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода баён дошт, ки маъракаи ниҳолшинонӣ ва сабзазоркунӣ дар шаҳр аз 15 декабр оғоз гардида, корҳои гулзоркунӣ ва ободонӣ дар ҳамаи 22 маҳаллаи шаҳр пешбинӣ шудаанд. Тибқи нақша дар назар аст, ки то ҷашни байналмилалии Наврўз бо кумаки сокинон, корхонаву ташкилот ва мақомоти дахлдор дар ҳудуди шаҳр то 100 ҳазор бех ниҳолу дарахтони ороишӣ, сояафкан ва мевадиҳанда ва инчунин зиёда аз 1 миллион гулҳои орошии лола ва садбарг шинонида хоҳанд шуд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






