Истеҳсоли «Coca-Cola» дар Тоҷикистон

Январь 13, 2015 10:17

 
Душанбе, 13.01.2015. (АМИТ «Ховар»). — Бо мақсади таъмини иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри соли 2014 дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими имзои созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ширкати “Кока — Кола Ичечек А.С.” оид ба сохтмон ва истифодаи корхонаи истеҳсоли маҳсулоти ғайримашруботӣ доир гардид.
Созишномаи мазкурро аз номи Ҳукумати Чумҳурии Тоҷикистон раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қодири Қосим ва аз номи Сармоягузор — ширкати “Кока — Кола Ичечек А.С.” директори генералии ҶДММ “Кока — Кола нӯшокиҳои Тоҷикистон” Мустафо Метен ба имзо расониданд.
Ширкати «Кока-Кола», ки бо тамғаи молии «Кока-Кола» маҳсулот истеҳсол мекунад, яке аз ташкилотҳои маъруф ва пуриқтидори истеҳсолии ҷаҳонӣ буда, маҳсулоти тавлиднамудаи он бозорҳои зиёда аз 200 кишвари ҷаҳонро фаро гирифта, ба ҳисоби миёна 1 рӯз дар ҷаҳон зиёда аз 1 млрд. воҳид маҳсулоти ширкати «Кока-Кола» ба фурӯш меравад.
Сармоягузории мустақими хориҷӣ аз тарафи чунин ширкати бонуфуз ба иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба баланд гардидани ҷолибнокии сармоягузорӣ ва иқтидорҳои содиротии кишвар, ташкили ҷойҳои нави корӣ ва ғанӣ гардидани буҷети давлатӣ мусоидат менамояд.
Лоиҳаи сармоягузории мазкур дар ду давра татбиқ мешавад. Дар давраи аввали амалишавии лоиҳа ҳаҷми умумии сармоягузориҳо 30 млн. доллари ИМА ва дар давраи дуюм 20 млн. доллари ИМА-ро дарбар мегирад. Баъд аз мавриди амал қарор гирифтани лоиҳа, зиёда аз 120 ҷойи нави кории мустақим ва то 500 ҷойи кории нави ғайримустақим ташкил шуда, иқтидори солонаи он 100 млн. литр маҳсулоти ғайримашруботиро ташкил медиҳад.
Дар давоми панҷ сол аз санаи оғози истеҳсолот пардохтҳои давлатӣ ба буҷети кишвар зиёда аз 21 млн. доллари ИМА-ро ташкил хоҳад кард.
Бо мақсади устуворгардонии низоми кафолату имтиёзҳое, ки дар доираи Созишномаи мазкур ба Сармоягузор дода шудаанд, он аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мешавад. Созишномаи мазкур аз санаи ратификатсияи он мавриди амал қарор дода шуда, ба муҳлати 5 сол амал мекунад.
 
 

Январь 13, 2015 10:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар замини Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳияи Ашт боғи зардолу бунёд карда мешавад
Дар қисми низомии Гвардияи миллӣ дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир гардид
Дар Суғд соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
РИОЯИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Барои пешгирӣ аз бемории диабети қанд чӣ бояд кард?
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе ҳар ҳафта машқҳои пагоҳирӯзӣ гузаронида мешаванд
Дар Коллеҷи омӯзгорӣ ва рақамикунонии шаҳри Бохтар Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
33-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳро дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон таҷлил намуданд
Худшиносии миллӣ-меҳвари суботи стратегии давлат. Андешаҳо дар ин маврид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 феврал, ҷумъа, 51-умин рӯзи соли 2026 аст