Истифодаи хонаҳо дар масоҳати 1,1 млн. м2
Душанбе, 14.01.2015. (АМИТ “Ховар”, Ситораи Боймурод).- Моҳҳои январ-декабри соли 2014 инвеститсияи сармояи асосӣ аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои сармоядиҳӣ ба маблағи 7 миллиарду 386 миллиону 387 ҳазор сомонӣ истифода шудааст, ки ин нисбат ба соли 2013 129,7 фоизро ташкил медиҳад, -гуфт Комилзода Абдувалӣ Ҳаким, раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз, 14 январ зимни нишасти матбуотӣ.
Ҳамчунин дар ин муддат дар масоҳати умумии 1 миллиону 111 ҳазору 605 метри мураббаъ хонаҳои истиқоматӣ ба истифода дода шуданд, ки нисбат ба соли гузашта 113,9 фоизро ташкил медиҳад.
Гуфта мешавад, ки моҳҳои январ-декабри соли 2014 фондҳои асосӣ ба маблағи 7 миллиарду 456 миллиону 819 ҳазор сомонӣ ба кор андохта шуда, иҷрои корҳои сохтмонию васлгарӣ 6 миллиарду 602 миллиону 97 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Дар ин давра мактабҳои таҳсилоти умумӣ барои 14 ҳазору 720 талаба, муассисаҳои томактабӣ барои 1278 ҷой, беморхона барои 217 кат ва дармонгоҳ барои 665 қабул дар як баст ба истифода дода шуданд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






