Истифодаи технологияи иттилоотӣ-иртиботӣ дар раванди таълим
Душанбе, 28.01.2015. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).-Дар партави Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ ва бо ибтикори Раёсати таълими Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон (ДМИТ) аз 27 то 31 январ курси омӯзишии «Истифодаи технологияҳои иттилоотӣ-иртиботӣ дар раванди таълим» барои ҳамаи устодон ташкил шуд.
Тавре ки Машҳура Абдуллоева, сухангӯи ДМИТ иттилоъ дод, вобаста ба ин Илҳомуддин Иброҳимов, муовини ректор оид ба таълим гуфт, ки раёсати донишкада бо мақсади тадриҷан вусъат бахшидани истифодаи технологияҳои иртиботӣ-иттилоотӣ дар раванди таълим ва дастрасии омӯзгорону кормандон ба маводи электронии иттилоотию таълимӣ, илмию методӣ курсҳои такмили ихтисосро ташкил кардааст. Бинобар ин ҳамаи устодони донишкада дар раванди таълим бояд аз васоити технологии муосир истифода бурда тавонад, зеро ин талаботи замон аст.
Бояд зикр кард, ки шунавандагон доир ба истифодаи тахтаи электронӣ, танзим ва истифодаи пакети барномаҳои MSOffice тавассути тахтаи электронӣ, ҷустуҷӯи маълумот дар муҳити шабакаи ҷаҳонӣ тавассути тахтаи электронӣ маълумот хоҳанд гирифт.
Ёдовар мешавем, ки маротибаи сеюм аст, ки дар донишкада ин гуна курсҳо ташкил мешаванду устодон аз он баҳра мебаранд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






