Касбомӯзии 915 нафар дар соли 2014
Душанбе, 26.01.2015 (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).-Имрӯз иштироки васеи занон дар фаълияти мақомоти марказӣ ва маҳаллӣ таъмин гашта истодааст. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки шумораи хизматчиёни давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2014-4276 нафар ва ё ин, ки 23,1 фоиз, дар мақомоти марказӣ ва сохторҳои тобеи он 2730 нафар, ё ин, ки 24 фоиз, аз инҳо кадрҳои роҳбарикунанда 468 нафар ё 15,8 фоиз дар мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатӣ 927 нафар ё 26,2 фоиз аз инҳо кадрҳои роҳбарикунанда 302 нафар ё 21,6 фоиз, дар мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот 619 нафар ё 17,1 фоиз, аз инҳо кадрҳои роҳбарикунанда 258 нафар ё 21,8 фоиз фаъолият доранд. Ин нуктаро имрӯз, 26 январ зимни нишасти матбуотӣ раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати ҶТ Махфират Хидирзода таъкид дошт.
Бо мақсади тақвияти фаъолгардонии нақши духтарон дар ҷомеа, омода намудани духтарони сарвар, тарбияи кадрҳои болаёқат, муайян намудани истеъдодҳои ҷавонон аз ҳисоби донишҷӯдухтарон ва мусоидат намудан ба такомули шахсӣ ва боло бурдани маърифати сиёсию ҳуқуқии онҳо дар назди кумита Шӯрои донишҷӯдухтарон таъсис дода шудааст, ки дар ҳафт бахш фаъолият мекунад. Имсол 11 нафар донишҷӯдухтар ба гирифтани идрорпулии кумита сарфароз гардид.
«Соли ҷорӣ низ ба масъалаи дастгирии занони соҳибкор диққати ҷиддӣ дода шуда, тавассути грантҳои президентӣ 80 нафар зан дастгирӣ шуд. Мониторинги гузаронидаи кумита муайян намуд, ки аз ҷониби онҳо 491 ҷойи корӣ ташкил шуда, 915 нафар зану духтар ба касбомӯзӣ фаро гирифта шуд»,- илова намуд М.Хидирзода.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






