Кинотеатри «Ватан» нав мешавад
Душанбе, 12.01.2015. (АМИТ «Ховар», Марҳабои Азамат).- «Кинотеатри «Ватан» воқеъ дар хиёбони Рӯдакии шаҳри Душанбе мутобиқи Нақшаи генералӣ вақтҳои наздик аз байн бурда, дар ҷойи он бинои серошёнаи муосир бунёд мегардад, ки ошёнаи якуми он кинотеатри нав хоҳад дошт». — гуфт раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Асадулло Раҳмон дар нишасти матбуотии намояндагони ВАО.
«То бунёд шудани кинотеатри нав шумо метавонед филмҳоро дар кинотеатр ба номи А.Ҷомӣ тамошо кунед, — афзуд А. Раҳмон.
Намояндагони васоити ахбори оммаи кишвар аз намоиши филмҳои кинотеатри «Ҷавонон», ки рӯбарӯи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ воқеъ гардидааст, изҳори ташвиш намуданд. Ба фикри онҳо филмҳои кинотеатри мазкур ҷавобгӯи талабҳои Қонуни ҶТ «Дар бораи масъулияти волидайн барои таълиму тарбияи кӯдакон» нестанд.
Тавре ки журналистон қайд намуданд, дар моддаи — 8 уми қонуни мазкур зикр шудааст, ки «ба кӯдакон намоиш додани филмҳои беҳаёёна ва филмҳои дорои зуҳуроти зӯроварӣ, ифротгароӣ ва террористӣ манъ карда шавад».
Асадулло Раҳмон ба саволи намояндагони ВАО дар мавриди он, ки оё намоиши филмҳои кинотеатрҳои пойтахт, аз ҷумла кинотеатри «Ҷавонон» — ро ягон касе назорат мекунад, чунин гуфт: «ин кинотеатр аз баланси мо дар ихтиёри Кумитаи умури ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта шудааст ва филмҳоро дар ин муассисаи фарҳангӣ Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «ИОНА» намоиш медиҳад».
Асадулло Раҳмон ба қайду мулоҳизаҳои намояндагони ВАО розӣ шуда, ба сохторҳои дахлдори Кумита дастур дод, ки вазъи кинотеатри мазкурро тафтиш кунанд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






