Китобҳои дарсӣ барои мактаб-интернатҳои ҷумҳурӣ
Душанбе, 13.01.2015. (АМИТ “Ховар”, Ситораи Боймурод).- Ба иттилои Вазорати маориф ва илми кишвар имсол теъдоди кӯдакон дар мактаб-интернатҳо ба 11 ҳазору 569 нафар расидааст, ки нисбат ба соли гузашта 2000 нафар зиёд аст. Аз ин теъдод 304 нафараш ятими кулл буда, 480 нафараш бемодар, 2463 нафараш бепадар ва 2289 нафарашон кӯдакони дорои имконияти маҳдуд мебошанд.
Гуфта мешавад, ки моҳи август тибқи созишномаи дуҷониба Вазорати маориф ва илм аз ҷамъияти нобиноёни шаҳри Душанбе ба маблағи 10 ҳазору 400 сомонӣ китобҳои дарсиро барои синфҳои 1 ва 6 бо алифбои брайлӣ харид намуда, ба мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони нобинои ноҳияи Ҳисор, мактаб-интернат барои кӯдакони шаҳри Исфара ва мактаб-интернати нобиноёни шаҳри Хуҷанд дастрас намуд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






