КМИР номзадҳои 3 ҳизбро ба қайд гирифт
Душанбе, 20.01.2015. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Имрӯз дар Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии комиссия баргузор гардид, ки дар он масоили бақайдгирии рӯйхати номзадҳо дар ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявии интихобот тибқи пешниҳоди ҳизбҳои сиёсӣ ва шахсони боэътимоди онҳо, инчунин аккредитатсияи нозирони байналмилалӣ аз Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсони Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Аз ҷумла, баъд аз омӯзиши ҳамаҷонибаи ҳуҷҷатҳои пешниҳоднамудаи ҳизбҳои сиёсӣ, бо қарорҳои КМИР тибқи талаботи моддаҳои 12,35 ва 38 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Чумҳурии Тоҷикистон» рӯйхати 6 нафар номзад аз Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон, 6 нафар номзад аз Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон ва 4 нафар номзад аз Ҳизби демократии Тоҷикистон ва шахсони боэътимоди онҳо ба қайд гирифта шуд.
Дар ҷаласаи комиссия зикр гардид, ки Анҷумани Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон 7 нафар аъзои ҳизбро тибқи рӯйхат ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявии интихобот пешбарӣ карда буд. Аммо, бинобар сабаби беморӣ як нафар номзади пешбаришудаи ин ҳизб ҳуҷҷатҳои худро ба КМИР пешниҳод накарда, бо ариза ба комиссия муроҷиат намуда, хоҳиш кардааст, ки номзадии ӯ тибқи рӯйхати ҳазб ба қайд гирифта нашавад. Аз ин рӯ, бо қарори комиссия номзадии Ғаниев Иззатулло Наврӯзович, профессор-мушовири кафедраи технологияи истеҳсолоти электрохимиявии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М.Осимӣ аз рӯйхати ҲСТ хориҷ шуд.
Ҳамзамон дар ҷаласаи комиссия масъалаи аккредитатсияи нозирони байналмилалӣ аз Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсони Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо барои иштироки онҳо дар интихоботи дарпешистода мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Тибқи қарори қабулгардидаи комиссия 28 нафар нозир аз ин созмони байналмилалӣ аккредитатсия карда, ба онҳо шаҳодатномаи нозири байналмилалӣ супорида мешавад.
Масъалаҳои баррасии бақайдгирии номзадҳо тибқи рӯйхати пешниҳодкардаи дигар ҳизбҳои сиёсӣ ва шахсони боэътимоди онҳо дар ҷаласаҳои минбаъдаи КМИР мавриди баррасӣ қарор дода мешаванд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






