КМИР номзадҳои ду ҳизби дигарро ба қайд гирифт
Душанбе, 22.01.2015. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Имрӯз, 22 январи соли 2015 дар Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии Комиссия баргузор гардид, ки дар он масъалаҳои бақайдгирии рӯйхати номзадҳо дар ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявии интихобот тибқи пешниҳоди ҳизбҳои сиёсӣ ва шахсони боэътимоди онҳо мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Аз ҷумла, баъд аз омӯзиши ҳамаҷонибаи ҳуҷҷатҳои пешниҳодгардида, бо қарорҳои Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ тибқи талаботи моддаҳои 12, 35 ва 38 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» рӯйхати 27 нафар номзад аз Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон ва 7 нафар номзад аз Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон ва шахсони боэътимоди онҳо ба қайд гирифта шуданд.
Дар ҷаласаи комиссия зикр гардид, ки Анҷумани Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон номзадии 28 нафар аъзои ҳизбро тибқи рӯйхат ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявии интихобот пешбарӣ карда буд. Бинобар сабаби пешниҳод накардани ҳуҷҷатҳои зарурӣ аз ҷониби як нафар номзади пешбаришуда, Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон ба Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ бо мактуби хаттӣ муроҷиат карда, хоҳиш намудааст, ки номзадии як нафар тибқи рӯйхати ҳизб ба қайд гирифта нашавад. Бинобари ин, бо қарори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ номзадии Сафиаллоев Усмон Исматуллоевич аз рӯйхати Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон хориҷ карда шуд.
Ҳамзамон зикр гардид, ки Анҷумани Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон номзадии 15 нафар аъзои ҳизбро тибқи рӯйхат ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявии интихобот пешбарӣ карда буд. Бинобар сабаби пешниҳод накардани ҳуҷҷатҳои дар моддаи 35 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» муқарраргардида аз ҷониби 8 нафар номзади пешбаришуда, Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон ба Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ бо мактуби хаттӣ муроҷиат карда, хоҳиш намудааст, ки номзадии 8 нафар тибқи рӯйхати ҳизб ба қайд гирифта нашавад. Бинобар ин, бо қарори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ номзадии Ёрматова Гулчеҳра Камолидиновна, Давлатов Фаридун, Қобилова Сулҳия Яшиновна, Шарипов Алишер Назаралиевич, Давлиёрова Сафаргул Тешаевна, Ашуров Ихтиёр, Шулашов Нурулло ва Абдуллоев Меҳроҷ Санонович, ки тибқи рӯйхати Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон пешбарӣ карда шудаанд, аз рӯйхати Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон хориҷ карда шуданд.
Ҳамчунин бо қарори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ 135 нафар шахсони боэътимоди Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон ва 25 нафар шахсони боэътимоди Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон ба қайд гирифта шуданд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






