Коллеҷи милиса дар Кӯлоб
Душанбе, 29.01.2015. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода).- 28 январ дар шаҳри Кӯлоб маросими ифтитоҳи коллеҷи милисаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки вазири корҳои дохилӣ Раҳимзода Рамазон Ҳамро баргузор гардид.
Тавре ки ВКД ҶТ хабар медиҳад, бинои коллеҷ бо ҳамаи таҷҳизоти муосири техникӣ таъмин буда, дар он шароити мусоиди таълимӣ фароҳам оварда шудааст.
Зикр шуд, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таҳсил ва таълиму тарбияи насли наврас ва ҷавонон пайваста таваҷҷуҳ зоҳир менамояд.
Ёдовар мешавем, ки коллеҷи милисаи Вазорати корҳои дохилӣ бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 августи соли 2014 таъсис ёфта, алҳол дар он беш аз 100 нафар курсантҳо таҳсил менамоянд. Мӯҳлати таҳсил дар он 4 сол аст. Ба коллеҷи мазкур ятимон, фарзандони кормандони ҳалокгардидаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии кишвар ва шаҳрвандони дигар низ қабул карда мешаванд. Хатмкунанандагони коллеҷ метавонанд таҳсилро дар Академияи ВКД ҶТ давом диҳанд ё дар сафҳои мақомоти умури дохила кор кунанд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






