Корхонаи тавлиди азоти моеъ барқарор шуд
Душанбе, 13.01.2015. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).- Дар Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (АИҶТ) зимни натиҷагирии фаъолияти солонаи академия, президенти АИҶТ Фарҳод Раҳимӣ иброз дошт, ки ҷиҳати таҳкими бештари илм бо истеҳсолот бо иштироки аъзои раёсати Академияи илмҳо 24 феврали соли 2014 дар Институти физикаю техникаи ба номи С.Умарови Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон корхонаи тавлиди азот (нитроген)-и моеъ барқарор шуд. Истеҳсоли азоти моеъ дар ҷумҳурӣ аҳамияти муҳим дошта, он дар соҳаҳои тиб ва кишоварзӣ истифода мешавад. Дар нақша аст, ки дар ин корхона истеҳсоли оксиген (кислород)-и моеъ низ ба роҳ монда шавад.
Инчунин 7 апрели соли 2014 дар Пойгоҳи набототи кӯҳии “Кондара”- и назди Институти ботаника, физиология ва генетикаи растанӣ пойгоҳи хурди ҳозиразамони метереологӣ мавриди истифода қарор дода шуд. Пойгоҳи мазкур бо кумаки Институти экология ва географияи Ҷумҳурии Мардумии Чин насб гардида, имкон медиҳад, ки ба таври фаврӣ ва бо саҳеҳии баланд ҳарорат, намнокии замин, интенсивияти нури Офтоб, миқдори боришот, суръати шамол, дарозии рӯз ва ғайра дар реҷаи онлайн ба қайд гирифта шавад,-гуфт Фарҳод Раҳимӣ








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






