Корманди прокуратура ба даст афтод

Январь 28, 2015 16:26

Душанбе, 28.01.2015. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). — Агентии назорати давлатии молиявӣ ва  мубориза бо коррупсияи кишвар алайҳи Рустамов Ҷамолиддин Исматуллоевич- мутахассиси шуъбаи кадрҳои Прокуратураи шаҳри Душанбе аз рӯи иттиҳоми қаллобӣ, сӯйиистифода аз мақоми хидматӣ ва худсарона ишғол намудани қитъаи замин парвандаи ҷиноӣ оғоз кардааст.
Ҷ. Рустамов  моҳи июли соли 2014 аз шаҳрванд Д. Неъмонов барои 0,07 га қитъаи замини наздиҳавлигӣ дар ҳудуди корхонаи «Мармар» 21 ҳазор доллари амрикоӣ талаб кард, баъди гирифтани 10 000 доллари амрикоӣ ба Неъмонов дар ҳудуди корхонаи «Мармар» -и ноҳияи Рӯдакӣ 0,07 га қитъаи замин дода, гуфтааст, ки дар ин қитъаи замин сохтмонро оғоз намояд. Ба Нуъмонов ваъда додааст, ки баъди анҷом додани сохтмон ва гирифтани маблағи боқимонда 11 000 доллари амрикоӣ ҳуҷҷатҳоро омода карда, медиҳад.
Ғайр аз ин Рустамов аз заминҳои ҶСШК-и «Мармар» барои худ низ 0,04 га қитъаи замин гирифта, худсарона манзили истиқоматӣ сохтааст.

Январь 28, 2015 16:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!