Кото ва сямисэн Душанберо мафтун карданд
Душанбе, 13.01.2015. (АМИТ «Ховар», Анна Мошенко).- Чанде пеш дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон консерти мусиқии муосир бо истифода аз асбобҳои анъанавии мусиқии кото ва сямисэни Ҷопон баргузор гардид. Дар консерт асарҳои бастакорони маъруфи Ҷопонро мутрибони Консерваторияи шаҳри Маскав бо иштироки муовини сафири Ҷопон дар Тоҷикистон Йошиширо Хорие иҷро намуданд.
Сараввал сафири Ҷопон дар Тоҷикистон Такаши Камада ҳаводорони санъатро хайрамақдам гуфт. Сафир иброз дошт, ки дар Ҷопон аз 50 то 80 жанри мусиқии анъанавӣ арзи вуҷуд дошта, ҳамаи асбобҳои мусиқӣ ба асбобҳои тордор ва зарбавию нафасӣ тақсим мешаванд.
Дар анҷоми консерт асари «Парвоз» — и Саваи Хакару бо истифода аз асбобҳои кото ва сямисэни иҷро гардид.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






