Кумаки Чин ба Афғонистон
Душанбе,16.01.2015. (АМИТ «Ховар».-Иброҳими Ҳабибуллоҳ).- Мувофиқи иттилои сухангӯи раёсати ҷумҳури Афғонистон Назифуллоҳ Солорзай Чин барои миёнҷигарӣ дар гуфтугӯҳои сулҳ миёни ҳукумати Афғонистон ва Толибон ибрози омодагӣ кардааст. Аммо ба гуфти ҳукуматдорони афғон ваҳдати миллӣ ба ин бовар аст, ки калиди сулҳ дар дасти худи онҳост ва ин ихтиёрро ба ҳеҷ каси дигар нахоҳад дод. Аммо ҳар кишваре, ки битавонад Афғонистонро дар ин раванд ҳимоят ва кумак кунад, аз он истиқбол хоҳад кард.
Душанбе,16.01.2015. (АМИТ «Ховар»).-Шаби гузашта дар пойтахти Чили — шаҳри Сантяго дар назди банкоматҳои таваққуфгоҳи метро таркиш ба амал омад. Баъди таркиш ҷинояткорони номаълум аз дохили банкоматҳо тамоми маблағро рабудаанд. Гуфта мешавад, ки 8-уми январи соли равон низ чунин ҳодиса ба амал омада буд. Кормандони қудратӣ дар тамоми гӯшаҳои шаҳр ҷинояткоронро ҷустуҷӯ доранд.
Душанбе,16.01.2015. (АМИТ «Ховар»).-Дирӯз як гурӯҳ силоҳдорони номаълум ба муассисаи таълимии минтақаи Хайбар Пахтунхвои қисми шимолу ғарбии Ҷумҳурии Исломии Покистон ҳамла намуда, дар вақти ҳодиса 5 нафар ба ҳалокат расида, чанд нафари дигар захмӣ шудааст. Гуфта мешавад, ки минтақаи Хайбар Пахтунхвои Покистон аз нуқтаҳои маъмурии ноороми аҳолинишин дар қаламрави кишвар ба шумор рафта, дар сарҳади Афғонистон воқеъ мебошад.
Душанбе,16.01.2015. (АМИТ «Ховар»).-Чанд рӯз аст, ки дар Боливия боришоти бидуни таваққуфи борон обхезии шадидро барангехта, дар паи ин обхезии шадид 13 нафар ба ҳалокат расида, чанд нафари дигар аз сабаби хунукӣ бистарии беморхона гардидааст. Лозим ба ёдоварист, ки зиёда аз 6 ҳазор аҳолӣ аз офати табиӣ зарари зиёд дидаанд. Бар асари аз меъёр зиёд рехтани борон сатҳи оби рӯду наҳрҳо боло рафта, ба нуқтаҳои аҳолинишин маҷро гирифт. Ба зарардидагони офати табиӣ дар ҳаҷми 13 тонна маводи ниёзи аввал ба таври ройгон дастрас шуд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






