Кумаки ИМА ба ассотсиатсияҳои истифодабарандагони оби Хатлон
Душанбе, 29.01.2015 (АМИТ “Ховар”, Фарзонаи Давлат).- Сафири ИМА дар Тоҷикистон Сюзан М. Эллиотт ва намояндагони Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) бо ҳамроҳии раиси вилояти Хатлон Давлатшо Гулмаҳмадзода дар маросими тақдими техникаи об ба ҷамоатҳои вилояти Хатлон иштирок намуданд.
Бино ба иттилои маркази матбуотии сафорати ИМА, Федератсияи ассотсиатсияҳои истифодабарандагони оби “Ҷиликул” як экскаватор ва Федератсияи ассотсиатсияҳои истифодабарандагони оби “Наҳри Қумсангир” як трактори дорои бели васлшуда дастрас намуданд. USAID техникаҳои обёрии мазкурро ҷиҳати дастгирии татбиқи ислоҳоти соҳаи оби зироатӣ дар Тоҷикистон тақдим намуд. Сафир Эллиотт ҳамчунин дар маросими ифтитоҳи расмии бинои нави ассотсиатсияи истифодабарандагони оби “Обрасон-К” иштирок намуд. Ассотсиатсияҳои истифодабарандагони об (АИО) тавассути раванди ошкоро ва муштарак бо ҷалби хоҷагиҳои хурди деҳқонӣ, деҳқонони соҳибкор, сарварони ҷамоатҳо ва мақомоти давлатӣ таъсис ёфтаанд.
Гуфта мешавад, ки ташаббуси Ҳукумати ИМА “Озуқаворӣ ба хотири оянда” барои беҳтар намудани амнияти озуқаворӣ, даромади хонаводаҳо ва коҳиш додани норасоии ғизо тавассути рушди соҳаи кишоварзӣ ва беҳдошти ғизо равона гардидааст. Барои ноил шудан ба ин мақсад USAID ба кишоварзони Тоҷикистон ҷиҳати беҳтар намудани усулҳои муҳими идораи оби зироатӣ кумак мерасонад. Дастрас намудани техникаҳои вазнин ва сохтмони бинои идораи ассотсиатсия тавассути Барномаи USAID оид ба дастгирии хоҷагидории деҳқонии оилавӣ ба баланд бардоштани самаранокии заминҳои кишоварзӣ ва дастрасии устувор ба оби зироатӣ барои беш аз 226 400 сокинони ноҳияҳои Вахш, Ҷ. Румӣ, Ҷиликул ва Қумсангир мусоидат менамояд.
Сафир Эллиотт зимни суханронияш зикр намуд, ки ассотсиатсияҳои монанди ин барои идораи шабакаҳои обёрии маҳаллӣ ва кафолати таъмини одилона ва устувори об нақши муҳим мебозанд. Ӯ инчунин афзуд, ки онҳо барои беҳтар намудани даромад ва некӯаҳволии миллионҳо шаҳрванди Тоҷикистон, ҳамчунин рушди умумии иқтисоди кишвар яке аз ниҳодҳои хеле муҳим ба ҳисоб мераванд.
Ёдрас мешавем, ки барномаи USAID оид ба дастгирии хоҷагидории деҳқонии оилавӣ яке аз лоиҳаҳои зиёди ташаббуси “Озуқаворӣ ба хотири оянда” мебошад, ки аз номи мардуми Амрико тавассути USAID дар Тоҷикистон татбиқ мешавад. Аз моҳи октябри соли 2010 ин ҷониб Барномаи USAID оид ба дастгирии хоҷагидории деҳқонии оилавӣ 60 АИО ва чор Федератсияи АИО-ҳоро дар вилояти Хатлон таъсис ва дастгирӣ намуд, ки онҳо дар навбати худ оби зироатиро ба 122 653 гектар замин ва зиёда аз 825 300 нафар одамон ба таври самаранок ва баробар таъмин менамоянд. Чорабиниҳои имрӯза анҷомёбии фаъолияти Барномаи USAID оид ба дастгирии хоҷагидории деҳқонии оилавӣ (2010-2015)-ро қайд мекунанд. Дар робита ба ин, ҳамчунин конфронси хотимавӣ 29 январи 2015 дар шаҳри Қурғонтеппа гузаронида мешавад.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






