КВД ХМК: Ҳолати техникаҳои коммуналӣ ташвишовар аст
Душанбе, 08.01.2015. (АМИТ “Ховар”, Ситораи Боймурод).- Ба иттилои КВД “Хоҷагии манзилию коммуналӣ” дар мавриди ташкили гармхона барои парвариши гулу гулбуттаҳо ва дарахтони ороишӣ, ин ниҳод корхонаҳои соҳаро вазифадор намудааст, ки барои парвариши гулу гулбутта ва ниҳолҳо хоҷагиҳои ёрирасон ташкил намоянд.
Ба иттилои манбаъ дар соли 2014 масоҳати умумии заминаҳои хоҷагиҳои ёрирасони корхонаҳои коммуналӣ дар миқёси ҷумҳурӣ 45 гектар ва 61 адад гармхона ба масоҳати 8763 метри квадратӣ ташкил шудааст, ки нисбат ба соли гузашта 1603 метри квадратӣ зиёд мебошад.
Ҳолати техникаҳои коммуналӣ ҳанӯз ҳам ташвишовар тасниф мешавад. То 31-уми декабри соли 2014 аз 898 адад шумораи техникаи махсуси коммуналӣ, ки дар мувозинаи корхонаҳои соҳа қарор дорад, 576 адад коршоям ва 322 ададаш корношоям аст ва аз шумораи умумӣ 360 адад муҳлати дуюм ва сеюми хизматрасониро иҷро дорад. Талабот ба техникаҳои махсуси коммуналии корхонаҳои соҳаи хоҷагии манзилию коммуналии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ зиёда аз 900 ададро ташкил медиҳад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






