«Луғати тиббӣ» — дастоварди беҳтарини ДДТТ
Душанбе, 12.01.2015. (АМИТ «Ховар», Фарзона Достонзода).- «Рӯи чоп омадани асари илмӣ — луғати дуҷилдаи тиббӣ дастоварди муҳими кормандони Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино дар соли 2014 маҳсуб меёбад», — зикр шуд дар ҷараёни нишасти матбуотӣ, ки имрӯз, 12 январ, дар шаҳри Душанбе баргузор гардид.
Дар ҷараёни нишасти матбуотӣ зикр шуд, ки луғати тиббӣ 60 000 истилоҳотро дар бар гирифта, дар он баробари истилоҳоти имрӯзаи тиббӣ теъдоди зиёди вожаҳои тибби қадим оварда шудааст. Бартарияти луғати мазкур он аст, ки дар он номҳои лотинии истилоҳот ва имлои дурусти онҳо дар алифбои форсӣ тавзеҳ дода шудааст.
Луғати тиббӣ ба беҳдошти илми тиб ба забони давлатӣ мусоидат карда, китоби рӯимизии кормандони соҳаи тандурустӣ ба шумор меравад.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






