Мақсад-ободонии маҳали зист
Мӯъминобод, 20.01.2015. (АМИТ «Ховар», Сулаймони Хол).-Дар ноҳияи Мӯъминобод кормандони ташкилоту идораҳо ва сокинон дар марказ ва деҳоти ноҳия ба ҳашар баромада, дар шафати роҳҳои мошингард беш аз 600 бех ниҳоли ороишию сояафкан ва мевадиҳанда шинонида, дар баробари ин баҳри сабзиши хуби дарахтон бехи дарахтонро нарм карданд.
Дар ҳашар дар баробари дигар ташкилоту муассисаҳо чавонони ноҳия бо ҳисси баланди ватандӯстӣ фаъолона ширкат варзиданд. Ба қавли Абдулло Раҷабов, мудири бахши ҷавонон, варзиш ва саёҳии ноҳия дар ноҳияи Мӯъминобод саҳми ҷавонон дар корҳои ободонию созандагӣ назаррас буда, соле қабл бо ташаббуси ҷавонон боғи намунавӣ бунёд гардид. Имсол низ онҳо иқдом гирифтаанд, ки то анҷоми маъракаи ниҳолшинонӣ барои хуррам гардонидани маҳали зист дар ин тадбир дастаҷамъона иштирок намоянд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






