Маҳфили адабӣ дар китобхонаи бачагона
Душанбе, 27.01.2015. (АМИТ Ховар, Ситораи Боймурод).- Дар китобхонаи бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар бахшида ба ёдбуди шоири бачагона Наримон Бақозода маҳфили адабӣ баргузор гардид.
Тавре ки дар ин бора сомонаи расмии Китобхонаи миллии Тоҷикистон хабар додааст, дар маҳфил дӯстону ҳамкасбон оид ба ҳаёту фаъолияти эҷодӣ ва хислатҳои неки ин шоири маъруфи бачагон андешаҳояшонро иброз намуданд.
Гуфта мешавад, ки адиби маъруфи бачагон фаъолияти эҷодии худро аз рӯзноманигорӣ оғоз намуда, баъдан ба адабиёт рӯ овардааст. То имрӯз маҷмӯаҳои зиёди ашъори шоир нашр шудааст.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд






