Маҷлиси васеи Ҳукумати Тоҷикистон

Январь 23, 2015 16:47

 
Душанбе, 23.01.2015. (АМИТ «Ховар»).-Нимаи дуюми рӯз таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати кишвар Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар дар соли 2014 ва вазифаҳои асосӣ барои соли 2015 баргузор шуд.
Маҷлиси васеи ҷамъбастӣ бо иштироки роҳбарият ва аъзои Ҳукумати кишвар, роҳбарони идораҳои назди Президент ва Ҳукумати кишвар, дигар мақомоти марказӣ, воҳидҳои сохтории Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, корхонаю муассисаҳои ҷумҳуриявӣ, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони муассисаҳои олии таълимӣ, марказҳои татбиқи лоиҳаҳои инвеститсионӣ, бонкҳои саҳҳомӣ, рӯзномаю маҷаллаҳои расмӣ ва дигар шахсони масъул ҷараён гирифт.
Дар оғози маҷлис ҳисоботи Сарвазири кишвар Қоҳир Расулзода, вазири молия Абдусалом Қурбонов, раиси Кумитаи андоз Нусратулло Давлатзода, сардори Хадамоти гумрук Рустами Эмомалӣ, директори Агентии нафақа ва суғуртаи иҷтимоӣ Сафаралӣ Наҷмиддинов шунида шуд.
Зимни ин ҳисоботҳо ва пурсишу посухҳо таваҷҷуҳи асосӣ ба роҳҳои коҳиш додани таъсири манфии омилҳои берунӣ ба иқтисоди Тоҷикистон, афзун намудани истеҳсолоти ватанӣ ва иқтидори содиротӣ, муҳайёсозии ҷойҳои корӣ, иҷрои пурра ва босифати қисми даромади буҷети давлатӣ, сарфакорона ба роҳ мондани хароҷоти маблағҳои буҷетӣ ва кам кардани хароҷоти дуюмдараҷа зоҳир карда шуд. Дар айни ҳол таъкид гардид, ки соҳаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла маошу нафақа ва стипендияҳои имсол зиёдшаванда бояд пурра ва саривақт маблағгузорӣ шавад.
Дастур дода шуд, ки корҳо барои муайян ва бекор намудани нафақаҳои бо роҳҳои қалбакӣ таъингардида идома дода шавад. Чунонки зикр гардид, то имрӯз 5600 нафақаи ғайриқонунӣ таъингардида бекор карда шудааст.
Сипас вазири саноат ва технологияҳои нав Шавкат Бобозода, вазири энергетика ва захираҳои об Усмоналӣ Усмонзода, раиси ширкати Барқи Тоҷик Рустам Раҳматзода, роҳбари ширкати Помир энерҷи Далер Ҷумаев, роҳбарони марказҳои татбиқи лоиҳаҳои инвеститсионӣ дар соҳаи энергетика ва Директори ҷамъияти саҳҳомии Нерӯгоҳи барқии обии Роғун Хайрулло Сафаров ҳисобот доданд.
Дар маҷлиси васеи Ҳукумати кишвар ҳамчунин вазири кишоварзӣ Қосим Роҳбар, раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Ҷамшед Шодихон, раиси шаҳри Хоруғ Қиматгул Алибердиева, раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ва раиси вилояти Хатлон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода ҳисобот доданд.
Дар охир Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон сухан ронда, вазифаҳои аввалиндараҷа ва ҳалталаби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои соли 2014 мушаххас намуд.
Бори дигар таъкид гардид, ки барои коҳиш додани таъсири омилҳои манфии беруна ба ҳаёти сиёсию фарҳангӣ ва иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистони азиз ва таъмини рушди босуботу бонизоми сарзамини аҷдодӣ аз тамоми имкону захираҳои мавҷуда ва нерӯи бузурги мардуми шарифи кишвар пурсамар истифода бояд бурд.

Январь 23, 2015 16:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Дар Суди конститутсионӣ Рӯзи Парчами давлатӣ таҷлил гардид
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ноиби президент ва академики Академияи илмҳои Осиё интихоб гардид
Алоқа барои сохтмон: чӣ тавр имконоти мобилӣ дар бунёди иншоот дар саросари Тоҷикистон кумак менамояд?
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
ПАРЧАМИ МО ХУД САРИ БОЛОИ МОСТ! Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд Рӯзи Парчами давлатӣ бошукуҳ таҷлил гардид
«ПАРЧАМАТ БОДО ПАРАФШОН, ТОҶИКИСТОНИ АЗИЗ!». Таҳти ин унвон дар Лахш ҳамоиши идона доир шуд
Дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа Рӯзи Парчами Тоҷикистонро ботантана ҷашн гирифтанд
Дар Москва Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил гардид
Биогаз дар минтақаҳои деҳот: роҳи ҳал ё таҷрибаи муваққатӣ барои Тоҷикистон?