«Марҷона» таъмири Мактаб-интернатро анҷом дод
Душанбе, 6.01.2015.(АМИТ « Ховар», Рафоати Абдулҳамид).- Дар мактаб интернати рақами 1-и деҳаи Арали ҷамоати деҳоти ба номи Миралӣ Маҳмадалиеви ноҳияи Восеъ бо фармоиши дирексияи сохтмонии иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмири асосии биноҳои муассиса ба маблағи 3 миллиону 100 ҳазор сомонӣ ба анҷом расонида шуд. Корҳои сохтмониро ширкати сохтмонии «Марҷона» бо ҷалби беҳтарин сохтмончиёни маҳаллӣ иҷро намуд. Бинои мазкур ҳанӯз солҳои 50-уми асри гузашта сохта шуда, дар ҳолати садамавӣ қарор дошт ва баъди таъмиру навсозӣ симои худро дигар карда, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Дар муассисаи мазкур 34 нафар омӯзгору мураббӣ ба 260 нафар хонанда сабақ медиҳад.
Дар айни замон тарбиятгирандагон имкон доранд, ки аз ҳаммом, ошхона, толори варзишии замонавӣ ва майдончаҳои варзишӣ истифода намоянд. Мактаб- интернат бо хатти озоди барқ пайваст шуда, синфхонаҳои компютерӣ бо компютеру принтерҳо муҷаҳҳаз мебошанд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






