Маросими туҳфасупорӣ ба Академияи ВКД дар вилояти Суғд
Душанбе, 08.01.2015 (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).-Дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро барои боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани таълиму тарбия ба Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд 3 дона компютер, 3 дона принтер, 2 дона ҷомадони криминалистӣ, 2 дона таҷҳизоти гармидиҳанда, 2 дона кондитсионер, 1 дона телевизор, 1 мошини боркаши тамғаи «Хундай-Портер», китобҳои дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»-и вазири корҳои дохилӣ Раҳимзода Рамазон Ҳамро ва ба маблағи 10 ҳазор сомонӣ китобҳои дарсии гуногун тақдим намуд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти ВКД, ҳамчунин, бо Фармони вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳимзода Рамазон Ҳамро 50 нафар муаллими Академияи ВКД дар вилояти Суғд бо маблағи 300 сомонӣ ҳавасманд гардонида шуд.
Аз ин дастгирию ғамхориҳои роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ ҳайати шахсӣ ва курсантону шунавандагони Академияи мазкур рӯҳбаланд гардида, изҳори миннатдорӣ намуданд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






