Медали тиллои хонандаи тоҷик аз озмуни ҷаҳонӣ
Душанбе, 20.01.2015. (АМИТ «Ховар»). — Шогирди синфи 11-и Гимназия-интернати Тоҷикистону Русия «Ҳотам ва ПВ» аз олимпиадаи байнимактабии физикию математикии беҳтарини ҷаҳон, ки аз 11 то 17 моҳи январ дар шаҳри Алмаато баргузор гардид, аз барномасозӣ бо медали тилло баргашт. Дар олимпиада 58 даста ва 393 хонанда ширкат варзид. Аз Тоҷикистон 4 даста: 2 даста аз литсейҳои муштараки тоҷикию туркӣ, 1 даста аз литсейҳои президентӣ ва 1 даста аз Гимназияи «Ҳотам ва ПВ » ширкат варзид. Ин бори дуюм аст, ки мактаббачагони точик дар ҳамин олимпиадаи бонуфуз сазовори медали тилло мегарданд. Бори аввал медали тиллоро барои Тоҷикистон 5 сол қабл шогирди ҳамин гимназия Афзали Беҳрӯз ба даст оварда буд, ки ҳоло дар магистратураи Донишгоҳи технологияҳои информатсионӣ, механика ва оптикаи шаҳри Санкт-Петербург, ки аз ҷиҳати баромасозӣ донишгоҳи беҳтарини ҷаҳон ба ҳисоб меравад, таҳсил карда, ҳамзамон дар ширкати Яндекс кор мекунад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






