Муҳокимаи Жириновский дар Думаи давлатӣ
Душанбе,09.01.2015. (АМИТ «Ховар».-Иброҳими Ҳабибуллоҳ).- Кумитаи одоби Думаи давлатии Русия рӯзи 8-уми январи соли 2015 ба хабарнигорони дохил ва хориҷи кишвар эълом дошт, ки раиси Ҳизби либерал-демократи Русия Владимир Жириновский барои як изҳороташ зидди Қазоқистон ва дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ муҳокима хоҳад шуд.
Душанбе,09.01.2015. (АМИТ «Ховар»).-Дирӯз дар фурудгоҳи Конгоняси шаҳри Сан-Паулои Бразилия болопӯши таваққуфгоҳи ҳавопаймоҳо фурӯ рафт. Дар ҷои ҳодиса як ҳавопаймо пурра хароб гардида, чанд ҳавопаймои дигар қисман корношоям гардид. Мувофиқи иттилои расонаҳои дохили кишвар аз сабаби боридани барфи зиёд ин ҳодиса ба амал омадааст.
Душанбе,09.01.2015. (АМИТ «Ховар»).- Шаби гузашта дар назди бинои омӯзишгоҳи Академияи полис дар пойтахти Яман- шаҳри Санъо таркиши шадид ба амал омад. Дар вақти таркиш 45 донишҷӯ ва омӯзгори академияи мазкур ба ҳалокат расонида шуд. Гуфта мешавад, ки ҷинояткорони номаълум мошини ҳомили таҷҳизоти таркандаро дар назди бинои муассисаи низомии мазкур ҳангоми ба тадрис омадани донишҷӯён мунфаҷир кардаанд.
Душанбе,09.01.2015. (АМИТ «Ховар»).- Амалиёт оид ба ҷустуҷӯи гумонбарони ҳамла ба нашрияи «Шарли Эбдо» дар шимоли Франсия то ҳол идома дорад. Гуфта мешавад, ки полиси кишвар хонаҳои сокинони шаҳрҳои Виляркотре, Крепен-Волаа ва Санлизро тафтиш дорад. Шаби 8-уми январ 9 нафар боздошт шуда, 90 каси дигар мавриди пурсиш қарор дорад. Имрӯзҳо расонаҳои хабарии ҷаҳон бо эътино ба як ҳамлаи хунсардонаи террористон ба идораи нашрияи бонуфузи Франсия «Шарли Эбдо» гузоришу маводи таҳлилии зиёдеро ба ин рӯйдоди нангин ихтисос медиҳанд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






