Муаллимони Тоҷикистон метавонанд дар барномаи ТЕА иштирок намоянд
Душанбе, 22.01.2015. (АМИТ «Ховар», Марҳабои Азамат).- Муаллимони забони англисӣ, илмҳои ҷамъиятшиносӣ (таърих, ҷуғрофия, иҷтимоишиносӣ), риёзӣ ё илмҳои табиатшиносии мактабҳои миёнаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки на камтар аз панҷ соли собиқаи корӣ дар мактабҳои миёнаро дошта, табааи Тоҷикистон буда ва дар он зиндагӣ мекунанд, метавонанд дар озмуни дарёфти идрорпулии Барномаи такмили малакаҳои тадрисӣ (ТЕА) иштирок намоянд. Барномаи мазкур ба муаллимони тамоми ҷаҳон имкон медиҳад, ки дар ИМА донишашонро аз рӯи фанҳояшон афзун намуда, малакаҳои тадрисиро такмил диҳанд.
Дар ин бора аз сафорати ИМА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Назар ба иттилои манбаъ, иштирокдорони байналмилалии озмун фасли баҳор ё тирамоҳи соли 2016 иборат аз ду гурӯҳ ва ҳар гурӯҳ дорои 75 нафар ба ИМА сафар мекунанд.
Тавре ки аз сафорати ИМА хабар доданд, мӯҳлати охирини супурдани ҳуҷҷатҳо барои довталабон 9 феврали соли 2015 мебошад.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






