Мулоқоти А.Қодирӣ бо нозирони САҲА
Хуҷанд, 28.01.2015. (АМИТ “Ховар”,Абдуаҳад Шарифзода).-Дирӯз раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ бо нозирони Созмони амният ва ҳамкории Аврупо мулоқот намуд. Тавре ки ба АМИТ “Ховар” аз маркази матбуоти роҳбари вилоят иттилоъ доданд, мақсади ташрифи меҳмонон ба вилоят- ин назорат ва иштирок намудан дар маъракаи интихоботи парлумоние, ки аввали моҳи март баргузор мегардад, мебошад. Зимни мулоқот муаррифии гурӯҳи кории нозирони байналмилалӣ ва нақшаҳои фаъолияти онҳо пеш оварда шуда, ҷонибҳо масъалаи омодагиҳоро ба интихобот мавриди баррасӣ қарор доданд.
Нозирони дарозмуддат то оғози маъракаи сиёсӣ тибқи нақша ба шаҳру навоҳии вилоят сафар карда, бо вазъи ҳавзаҳои интихоботӣ ва ҷараёни барӯйхатгирии номзадҳо шинос мешаванд ва бо намояндагони аҳзоби сиёсӣ, номзадҳо, кормандони ВАО, ташкилотҳои ғайриҳукуматӣ ва дигар масъулини интихобот суҳбату мулоқотҳо доир хоҳанд кард. Дар рӯзи баргузории интихобот дар ҳамкорӣ бо гурӯҳи нозирони кӯтоҳмуддат раванди чорабиниро мушоҳида мекунанд.
Дар анҷоми мулоқот ҷонибҳо изҳор намуданд, ки интихоботи парлумонӣ дар Тоҷикистон дар сатҳи ҷавобгӯ ба меъёрҳои демократӣ баргузор хоҳад шуд.
Бояд гуфт, ки коршиносони байналмилалии САҲА намояндагони 15 кишвари ҷаҳон буда, дар кишвар, аз ҷумла дар вилояти Суғд дар ду гурӯҳ фаъолияти назоратӣ хоҳанд бурд. Нозирони байналмилалии САҲА асосан дар 13 ҳавзаи интихоботие, ки дар онҳо номзадҳо ба вакилии Маҷлиси намояндагон пешбарӣ шудаанд, корбарӣ хоҳанд кард.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






