Мулоқоти П. Давлатзода бо Ш. Шоисломов ва А. Смагулов

Январь 9, 2015 11:25

Душанбе, 9.01.2015 (АМИТ «Ховар»).- 8 январи соли 2015 муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Парвиз Давлатзода Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Шоқосим Шоисломовро ба ҳузур пазируфт.
Зимни мулоқоте, ки дар фазои анъанавии тафоҳум ва созанда доир шуд, масоили мубрами дуҷониба ва минтақавӣ мавриди муҳокима қарор гирифт. Таваҷҷуҳи хосса ба татбиқи амалии қарордодҳои сарони ду давлат, ки дар мулоқоти онҳо дар ҳошияи Саммити СҲШ дар Душанбе моҳи сентябри соли сипаришуда ҳосил гардид, зоҳир  шуд. Ҷонибҳо ба манзури боз ҳам бештар вусъат бахшидани равобити байни ду кишвари ҳамсоя андешидани як зумра тадбирҳоро дар ин самт мувофиқи мақсад донистанд.
Инчунин 8 январи соли 2015 муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Парвиз Давлатзода Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Қазоқистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Агибай Смагуловро  бо хоҳиши ӯ ба ҳузур пазируфт.
Зимни мулоқот атрофи масоили мубрами дуҷониба ва минтақавӣ мубодилаи афкор сурат гирифт. Тарафҳо ба сатҳи имрӯзаи муносибатҳои дӯстонаи ду кишвар баҳои баланд дода, зарурати андешидани тадбирҳои мушаххасро ҷиҳати амалисозии чорабиниҳои дар соли 2015 ба нақша гирифташуда, бахусус омодагӣ ба сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷаласаи навбатии Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкориҳои  иқтисодӣ таъкид сохтанд.
Мулоқот дар фазои анъанавии дӯстона ва тафоҳум сурат гирифт.

Январь 9, 2015 11:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад