Мулоқоти Р.Аҳмадзода бо нозирони интихобот
Хуҷанд, 29.01.2015. (АМИТ “Ховар”,Абдуаҳад Шарифзода).-Шаҳрдори Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода ҳайати нозирони дарозмуддати Созмони амният ва ҳамкории Аврупоро дар ҳайати Ларс Полсен, Пол Уессон, Апалония Вершур ва Ёрген Беклунд ба ҳузур пазируфт. Тавре ки ба АМИТ “Ховар” роҳбари маркази матбуоти раиси шаҳр Маҳмудҷон Муҳаммадӣ хабар дод, зимни суҳбат раиси шаҳр меҳмононро ба Хуҷандшаҳр хайрамақдам гуфта, минҷумла таъкид намуд, ки имрӯз мақомоти маҳаллӣ барои гузаронидани интихобот тамоми шароитҳои лозимиро дар доираи қонунҳои амалкунандаи кишвар фароҳам овардааст.
Ба иттилои манбаъ, ҳоло дар шаҳри Хуҷанд 98 ҳазору 720 нафар интихобкунанда ба қайд гирифта шуда, алъон барои дар сатҳи лозимӣ баргузор намудани интихоботи маҷлисҳои маҳаллӣ корҳои омодагӣ ҷараён дошта, фаъолияти асосии нозирони мазкур хосатан дар маркази вилоят- ин назорати тамоми равандҳои интихобот дар ҳавзаи № 13-и шаҳри Хуҷанд мебошад.
Дар анҷоми мулоқот меҳмонон изҳори умедворӣ намуданд, ки ҳамкории онҳо баҳри таҳкими принсипҳои интихобот мусоидат хоҳад кард.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






