Мулоқоти созанда дар қисми ҳарбии 98-28
Душанбе, 2.01.2015. (АМИТ “Ховар”, Рафоати Абдулҳамид).- Бо ибтикори Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи нақша дар қисми ҳарбии 98-28- и Раёсати қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон вохӯрӣ доир шуд, ки дар он масъулин бо афсарону сарбозон суҳбати муфиду самарабахш анҷом дода, чанд нафар сарбозу афсарро барои хизмати шоён бо туҳфа қадрдонӣ карданд. Ҳамчунин ба китобхонаи қисми низомӣ теъдоди зиёди китобҳоро ба таври ройгон тақдим намуданд.
Чунин як вохӯрии дигар дар толори мақомоти ичроияи маҳалии шаҳри Қурғонтеппа бо фаъолҷавонони шаҳр доир шуд, ки масъулини чорабинӣ дар бораи паҳлӯҳои ҳаёти ҷавонон, хештаншиносӣ ва ватандӯстии онҳо ибрози андеша намуданд.
Дар охири ҳамоиш миёни ҷавонон ва намояндагон суҳбати самимию ошкоро сурат гирифт.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






