Муъминобод: суратҳисоби махсус барои ятимони кулл
Муъминобод, 30.01.2015. (АМИТ «Ховар», Сулаймони Хол)-Дар ноҳияи Муъминобод зимни нишасти матбуотӣ раиси ноҳия Тоҳирхон Амиршоев оид ба вазъи иқтисодӣ ва иҷтимоӣ гуфт, ки нақшаи қисми даромади буҷет дар ноҳия бо назардошти ёрии молиявӣ ва тағйироту иловаҳо 100% таъмин шуд. Дар ин давра соҳаҳои буҷетӣ ба маблағи 31 млн 526 ҳазору 178 сомонӣ маблағгузорӣ шуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3 млн 874 ҳазору 287 сомонӣ зиёд аст. Инчунин ба маблағи 21 млн 872 ҳазору 600 сомонӣ музди меҳнат дода шуд, ки 69,3 фоизи хароҷотро ташкил намуда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3 млн 399 ҳазору 445 сомонӣ зиёд аст. Қарздории музди меҳнат ва нафақа мавҷуд набуда, кормандони соҳаҳои буҷетӣ дар муҳлатҳои муайяншуда бо музди меҳнат таъмин шуданд. Ҳамзамон аз фонди раиси ноҳия ба оилаҳои камбизоат 28 ҳазору 500 сомонӣ дода шуда, барои 38 нафар ятими кулл аз ҳисоби ташкилоту муассисаҳо ва хоҷагиҳо 42 ҳазору 707 сомонӣ ҷудо гардида, он дар суратҳисоби махсуси кушодаи филиали БДА «Амонатбонк» дохил шуд, ки ба сари ҳар ятими кулл 1124 сомонӣ рост меояд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






