Муроҷиати беш аз 66 ҳазор шаҳрванд ба Хадамоти муҳоҷират
Душанбе, 09.01.2015 (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Дар давоми соли 2014 ба Хадамоти муҳоҷират ва сохторҳои он барои гирифтани маслиҳат 66 ҳазору 587 нафар муроҷиат намуд, ки ин нишондод дар соли 2013 танҳо 15 ҳазору 481 нафарро ташкил дода буд. Ин нукта 8 январ дар ҷамъбасти фаъолияти Хадамоти муҳоҷират дар соли 2014 зикр гардид.
Аз ин шумора ба таври шифоҳӣ 59 ҳазору 505 нафар, хаттӣ 789 нафар ва телефонӣ 6 ҳазору 289 нафар шаҳрванд муроҷиат кардааст. Қисмати зиёди шаҳрвандон асосан доир ба манъи вуруд ба Русия муроҷиат намудаанд.
Дар давраи ҳисоботӣ ҳангоми санҷиш манъи вуруди 11 ҳазору 863 нафар шаҳрванди кишвар ба Федератсияи Русия ошкор гардид.
“Ба Хадамоти муҳоҷират аз 1 августи соли ҷорӣ то айни замон 140 нафар донишҷӯи кишварамон, ки дар донишгоҳҳои Федератсияи Русия, Беларус ва Украина дар басти рўзона таҳсил менамоянд ва 496 нафар шаҳрванд, ки вурудашон ба Федератсияи Русия ва тавассути ФР ба ин кишварҳо манъ гардида буд, муроҷиат намуд”,- гуфт сухангӯи хадамот Абдуллоҳи Қодирӣ.
Дар натиҷаи кори Вазорати меҳнат муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, барои 62 нафар иҷозати вуруд ба ФР дода шуда, дар айни замон аризаи 78 нафар дар марҳилаи баррасӣ қарор дорад. Ҳамчунин 2 нафар шаҳрванди Тоҷикистон вобаста ба якҷояшавии оила иҷозати вуруд ба ФР гирифтанд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






