Мушкилоти соҳибкорӣ дар Тоҷикистон: тадқиқоти МТС

Январь 5, 2015 11:39

Душанбе,05.01.2015 (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).- Маркази тадқиқоти стратегии назди Ҳукумати Тоҷикистон натиҷаи тадқиқоти сотсиологии мушкилоти соҳибкорӣ дар Тоҷикистонро пешниҳод намудааст, ки бо ин тадқиқот 32 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ фаро гирифта шудааст.
Тавре ки дар ин бора Худобердӣ Холиқназарзода, раиси Маркази таҳқиқоти стратегии назди Ҳукумати  Тоҷикистон дар ҷамъбасти солонаи марказ иттилоъ дода гуфт: таваҷҷуҳи онҳо ба масъалаҳои рушди соҳибкорӣ бо назардошти қабули Кодекси нави андоз ва узвияти кишвар дар Созмони ҷаҳонии савдо дода шудааст.
Иттилоъ дода шуд, ки аз декабри соли 2014 марказ тадқиқоти сотсиологии масъалаҳои мутобиқати таҳсилоти касбӣ бо бозори меҳнатро оғоз намудааст, ки он бо дастгирии Ташкилоти байналмилалии меҳнат гузаронида мешавад.
Гуфта мешавад, ки ҳадафи асосӣ бо баҳогузории талаботи  бозори меҳнат ба мутахассисон, неруи муассисаҳои таҳсилоти касбию техникии ҷумҳурӣ, махсусан бо назардошти хусусияту нақшаҳои рушди соҳаҳои кишоварзӣ, энергетика ва нақлиёт алоқаманд аст. Натиҷаи ин тадқиқот дар марти соли равон пешниҳод хоҳад гашт. 
 
 

Январь 5, 2015 11:39

Хабарҳои дигари ин бахш

БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд