Мусобиқоти боксчиёни Хоруғ
Хоруғ, 29.01.2015. (АМИТ «Ховар», Файзи Мирҳасан).- Чанде пеш дар мактаби варзиши шаҳри Хоруғ мусобиқоти боксчиёни ҷавони шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳои Шуғнону Роштқалъа баргузор гардид.
Дар Бадахшон роҳандозии мусобиқоти боксчиён дар таътили зимистона анъанаи хубе гардидааст. Бо ибтикори раиси Федератсияи бокси вилоят Хурсанд Бахталиев ва ташаббуси мактаби варзишии шаҳри Хоруғ мусобиқоти боксчиён баргузор мешавад, ки дар он мактабиёни вилоят иштирок мекунанд.
Дар мусобиқоти имсола 138 нафар синфҳои дуюм ва хатмкунандаи мактабҳои вилоят иштирок менамояд.
Ба гуфтаи сармураббии мактаби варзишии вилоят Гулрух Назарбеков, солҳои охир мактабиёну ҷавонон ба бахши бокси варзиш мароқ зоҳир намуда, садҳо нафар мактабиён кӯшиш менамоянд, ки дар чунин мусобиқот иштирок кунанд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






