Мусодираи маводи мухаддир
Душанбе, 06.01.2015. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Кормандони Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ дар вилояти Суғд рӯзҳои аввали соли нав дар ҷараёни амалиёти махсус дар ҳудуди ноҳияи Спитамен ду нафар сокинони ноҳияҳои Ғончӣ ва Спитаменро дастгир намуданд. Ҳангоми тафтиш аз онҳо як бастаи селофани дорои ҳашиш мусодира гардид.
Мувофиқи маълумоти маркази матбуоти Агентии назорати маводи нашъаовар, тафтишоти пешакӣ муқаррар намуд, ки шахсони дастгиршуда маводи мухаддирро дар ҳудуди ноҳия ба фурӯш бароварданӣ буданд.
Шуъбаи Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовар аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ кушода, тафтишот идома дорад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






