Мусодираи маводи мухаддир
Душанбе, 07.01.2015. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода).- Дар натиҷаи амалиёти фаврии кормандони Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ дар вилояти Суғд дар ҳудуди ноҳияи Мастчоҳ се нафар сокинони маҳаллӣ дастгир шуданд.
Тавре ки Агентии назорати маводи нашъаовари ҶТ хабар медиҳад, аз борхалтаи шахсони дастгиршуда 9 бастаи маводи мухаддир пайдо гардид. Шуъбаи махсуси таҷзияи ВКД дар вилояти Суғд муқаррар намуд, ки маводи мухаддир иборат аз 9 килограмму 176 грамм ҳашиш будааст.
Шахсони дастгиршуда иқрор шуданд, ки маводи мухаддирро берун аз ҳудуди ҷумҳурӣ бурданӣ буданд.
Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ кушода, тафтишот идома дорад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






