Мусодираи маводи мухаддир
Душанбе, 14.01.2015. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода).- Кормандони раёсати мубориза бо маводи мухаддири ВКД дар ҷараёни амалиёти фаврӣ дар наздики бозори Корвон се нафар шаҳрвандон — сокини 40 — солаи ноҳияи Ҳамадонӣ ва сокинони 41 ва 39 — солаи шаҳри Кӯлобро бо гумонбари гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир боздошт намуда, аз онҳо 27 килограмму 100 грамм ҳашишро пайдо ва мусодира карданд.
Бино ба хабари маркази матбуоти ВКД ҶТ, дар ҷараёни боз як амалиёти махсус дар ноҳияи Файзобод сокини 29 — солаи шаҳри Норак дастгир шуда, аз гунаҳкор 1 килограмму 93 грамм ҳашиш мусодира гардид.
Кормандони милиса ҳамчунин дар ҷараёни амалиёти фаврӣ 2 нафар сокинони шаҳри Душанберо, ки ба гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир даст задаанд, дастгир намуданд.
Аз рӯи ҳодисаҳои зикршуда парвандаҳои ҷиноӣ кушода, тафтишот идома дорад.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






