Мусодираи маводи нашъаовар дар ноҳияи Спитамен
Душанбе, 06.01.2015 (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Дар рӯзҳои аввали соли нав дар натиҷаи гузаронидани амалиёти махсус дар ҳудуди ноҳияи Спитамен кормандони Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ дар вилояти Суғд ду нафар сокини ноҳияҳои Спитамен ва Ғончиро дастгир намуданд. Ҳангоми кофтукови шахсӣ аз онҳо як адад бастаи полиэтиленӣ ёфт ва мусодира гардид, ки дар дохили он маводи нашъаовари ҳашиш мавҷуд буд.
Тавре ки аз хадамоти матбуоти агентӣ иттилоъ доданд, тафтишоти пешакӣ нишон дод, ки дастгиршудагон нияти фурӯхтани ин маводи нашъаоварро дар ҳудуди ноҳияи Спитамен доштаанд.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур аз тарафи шуъбаи тафтишоти Раёсати агентӣ парвандаи ҷиноӣ бо моддаи 200 қ.1 КҶ ҶТ (“Муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ бо мақсади ба соҳибияти каси дигар додан”) оғоз гардидааст.
Боздоштшудагон ба тавқифгоҳи нигоҳдории муваққатии Раёсати агентӣ ворид шуданд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






