Мусоидат ба бахши тиҷорати Тоҷикистон
Душанбе, 09.01.2015. (АМИТ «Ховар», Покизаи Шодмон).- 8 январ дар шаҳри Душанбе мулоқоти раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон Шариф Саид бо мутахассиси лоиҳаи «Мусоидат ба тиҷорат» — и барномаи рушди СММ — UNDP дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулсара Мамадҷонова ва мушовири маҳаллии лоиҳаи мазкур Рустам Шодибеков баргузор гардид.
Тавре ки аз маркази матбуоти ПСС ҶТ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ҷонибҳо дар ҷараёни мулоқот масоили ҳамкории муштарак дар ҳошияи лоиҳаи «Дастгирии таъсиси марказҳои рушди тиҷорат дар сатҳи миллӣ ва доир намудани тренингҳои доимии соҳибкорон» — ро мавриди муҳокима қарор доданд. Лоиҳаи мазкурро ПСС ҶТ якҷоя бо лоиҳаи «Мусоидат ба тиҷорат» — и Барномаи рушди СММ — UNDP дар Тоҷикистон бо дастгирии молиявии Ҳукумати Финляндия дар амал татбиқ менамояд.
Зимни мулоқот ҳамчунин масоили ташкилии иштироки соҳибкорони саноати хӯрокворӣ ва истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон дар намоишгоҳи махсуси байналмилалии ПРОДЭКСПО, ки аз 9 то 13 январ дар шаҳрпи Маскав баргузор мегардад, баррасӣ шуданд.
Ба гуфтаи Шариф Саид, дар шароити Созмони умумиҷаҳонии савдо беҳдошти бахши тиҷорат бо иштироки соҳибкорони тоҷик дар намоишгоҳҳои байналмилалии савдо ба густариши ҳамкории минтақавӣ, афзоиши неруи содиротӣ, рақобатпазирии маҳсулоти Тоҷикистон, афзоиши маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ, бунёди корхонаҳои муштарак, ба имзо расонидани қарордодҳои мутақобилан муфид, фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ ва баланд бардоштани сифати зиндагии аҳолӣ мусоидат мекунад.








Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд






