Мустаҳкамкунии зиёда аз 15 ҳазор метр соҳил
Душанбе,23.01.2015. (АМИТ Ховар, Рафоати Абдулҳамид).- Вобаста ба иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Барномаи давлатии корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011- 2015 дар соли 2014 барои иҷрои корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ба дарозии 28108 метр аз ҳамаи сарчашмаҳо ба маблағи 64993 ҳазор сомонӣ пешбинӣ шуда, дар ин давра дар ҷумҳурӣ ба маблағи 52,04 сомонӣ маблағҳо аз худ шуда, 15055 метр корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ гузаронида шуданд. Корҳо оид ба соҳилбандии минтақаҳои зарардида ва хавфнок идома дорад. Дар ин бора аз Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар идораи Барномаҳои давлатии азхудкунии заминҳои нав обёришаванда ва барқарорсозии заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012- 2020, аз худкунии 330 гектар замини нав обёришаванда пешбинӣ гардида, дар давраи ҳисоботӣ 348,2 гектар замин, аз ҷумла 100 гектар дар ВМКБ аз худ карда шуд. Азхудкунии заминҳои нави обёришаванда дар ноҳияҳои Кӯҳистони Мастчоҳ — 115 гектар, Файзобод- 88,2 гектар, Варзоб — 20 гектар ва Рашт — 25 гектар амалӣ шудааст, ки ин имконият медиҳад 1390 ҷойи нави корӣ таъсис дода шавад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






