Мувофиқаи нақшаҳои генералии Вахш, Ҷиликул, Дарвоз, Спитамен
Душанбе, 14.01.2015. (АМИТ “Ховар”, Ситораи Боймурод).- Имрӯз зимни нишасти матбуотӣ раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Комилзода Абдувалӣ ба саволи хабарнигор дар мавриди нақшаи генералии шаҳру ноҳияҳо посух дода гуфт, ки дар айни замон аз 65 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ нақшаҳои генералии 30 шаҳру ноҳия таҳия гардидааст.
Нақшаи генералии ноҳияи Темурмалик барои тасдиқ ба Ҳукумати ҶТ пешниҳод гардида, нақшаҳои генералии 8 шаҳру ноҳияи дигар, аз ҷумла Вахш, Ҷиликул, Ҷалолиддини Румӣ, Дарвоз, Спитамен, Мӯъминобод, Сарбанд, Қайроққум барои мувофиқа дар вазорату идораҳои дахлдор қарор дорад.
Таҳияи нақшаи генералии 9 шаҳру ноҳияи дигар, аз ҷумла шаҳри Панҷакент ноҳияҳои Бохтар, Восеъ, Ҷаббор Расулов, Мурғоб, Варзоб, Ғончӣ, Ашт, Абдураҳмони Ҷомӣ пурра ба анҷом расидааст. Таҳияи нақшаҳои генералии шаҳру ноҳияҳои Мастчоҳ 5%, Бобоҷон Ғафуров 30% ва шаҳри Турсунзода 5% иҷро гардида, корҳо идома доранд.
Тибқи нақшаи чорабинии кумита тасҳеҳи нақшаи генералии ҳамаи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бояд то охири соли 2015 анҷом ёбад.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






