Мувофиқати 1049 нафар ба мансаби ишғолнамуда
Душанбе, 08.01.2015. (АМИТ “Ховар”, Ситораи Боймурод).- Тавре ки аз Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, ҷараёни иҷрои қонунгузории хизмати давлатӣ ва татбиқи сиёсати давлатии кадрҳо дар 24 мақомоти марказӣ ва 34 мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ омӯхта, ба хадамоти кадрии онҳо ёрии методӣ расонида шуд.
Дар давоми сол 1049 нафар ба аттестатсия фаро гирифта шуд, ки 265 нафари он зан мебошад. Тибқи хулосаи комиссияҳои аттестатсионӣ 1049 нафар ба мансаби ишғолнамуда мувофиқ баҳогузорӣ шуд.
Барои ишғоли 3647 мансаби холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун гузаронида шуда, 2278 нафар довталаб ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ таъйин шуд, ки аз ин ҳайат 574 нафар ё 25,2 фоиз (193 зан) ҷавонони то 35- сола мебошанд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






