Н. Саид: Мактабҳоро бо китоби бадеӣ таъмин мекунем!
Душанбе, 05.01.2015 (АМИТ «Ховар», Манижа Баҳромзода).- Маблағи қарзи китобҳо дар соли 2014 пурра баргардонида шуда, чопи навбатии китобҳо аллакай ба роҳ монда шудааст. Ин нукта зимни нишасти хабарии Вазорати маориф ва илми кишвар зикр гардид. Нуриддин Саид, вазири ниҳоди мазкур иброз дошт, ки имсол онҳо нақшаи ба чоп расонидани китобҳои бадеиро низ ба роҳ мондаанд. Ба гуфтаи мавсуф то ҳол 10 номгӯй китоби бадеӣ ба табъ расидааст. «110 номгӯй китоби бадеӣ вобаста ба синни хонандагон рӯйхат шуда, тарҳрезӣ ва ороиш гардида, барои чоп тавсия шудаанд»,- иттилоъ дод Нуриддин Саид.
10 номгӯй китоби мазкурро Сафорати Ҷумҳурии исломии Эрон барои чоп ба уҳда гирифтаст ва барои 10 адади дигар аз ҷониби Вазорати маориф ва илм тендер эълон гаштааст,- илова намуд номбурда. Нуриддин Саид инчунин иброз дошт, ки аз ҷониби ниҳоди онҳо рӯйхати китобҳое, ки бояд мактаббачагон ҳангоми таҳсил хонанд, тартиб дода шуда, онҳо дар муддати то 2 сол пурра ба табъ хоҳанд расид.
Ёдовар мешавем, ки китобҳои бадеӣ вобаста ба синни мактаббачагон ба нақша гирифта шуда, барои ҳамаи хонандагони аз синфи 1 то 11 пешбинӣ шудаанд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






