Нақшаи кишти пахта- зиёда аз 54 ҳазор гектар
Хуҷанд, 14.01.2015. (АМИТ “Ховар”, Абдуаҳад Шарифзода).-Соли равон дар шимоли кишвар кишоварзони вилоят азм доранд дар майдони 54 ҳазору 150 гектар кишти пахта гузаронанд.
Тавре ки ба АМИТ “Ховар” аз Сарраёсати кишоварзии вилоят иттилоъ доданд, бо ин мақсад то даҳрӯзаи аввали соли равон дар майдони беш аз 34 700 гектар шудгори замини пахта гузаронида шудааст.
Ҷараёни шудгори замин идома дошта, дар ноҳияи Ашт 2330 гектар, Бобоҷон Ғафуров 6027 гектар, Зафаробод 7236 гектар, Конибодом 3157 гектар, Мастчоҳ 5810 гектар, Спитамен 5050 гектар ва дар ноҳияи Ҷаббор Расулов 5087 гектар замин шудгор шудааст.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






