Нақшаи таъсиси 170 коргоҳи нав дар соли 2015

Январь 5, 2015 10:09

Хуҷанд,05.01.2015. (АМИТ “Ховар”, Абдуаҳад Шарифзода).-Дар вилояти Суғд  соли сипаригашта 164 адад корхонаи нави хурду бузург бо теъдоди  3172 ҷои корӣ ба фаъолият шурӯъ намуд.
Тавре ки ба АМИТ “Ховар” аз шуъбаи энергетика ва саноати мақомоти ҳокимияти вилоят иттилоъ доданд, инҳо асосан корхонаҳои соҳаи саноати масолеҳи сохтмон, хӯрокӣ, сабук, маъданҳои кӯҳӣ ва саноати сӯзишворианд. 
Аз шумораи умумии коргоҳҳои фаъолгашта 45 коргоҳи саноатӣ  дар шаҳри Хуҷанд, 15 -то дар Конибодом, 14 -то Истаравшан, 13 -то дар Мастчоҳ, 12 -то дар ноҳияи Б.Ғафуров, 9 — тогӣ дар шаҳрҳои Исфара ва Қайроққум, 8 — тогӣ дар шаҳри Чкалов ва ноҳияи Ҷаббор Расулов, 5 — тогӣ дар ноҳияҳои Айнӣ, Панҷакент, Спитамен ва шаҳри Истиқлол, 3 — то дар ноҳияи Ғончӣ, 2 — тогӣ дар ноҳияи Шаҳристон ва Ашт ва 1 адад дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ, ба истифода дода шуд. 
Ба гуфти манбаъ, дар идомаи ин раванд дар соли 2015 мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд тасмим гирифтааст 170 корхонаи нави саноатиро бо 5,3 ҳазор ҷойи нави корӣ ба истифода диҳад.
Бояд зикр намуд, ки алъон дар қаламрави вилоят бунёди як зумра корхонаҳои хурду калон идома дорад. Аз ҷумла, дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корхонаи истеҳсоли сементи “Ғаюр-семент” бо 1000 ҷойи корӣ ва истеҳсоли 1 млн. тонна семент дар як сол, коргоҳи заршўии КМ ”Зарафшон” бо иқтидори коркарди 10 ҳазор тонна маъдан дар як сол ва 300 ҷойи корӣ, корхонаи “Броадтек” дар шаҳри Панҷакент барои 300 кас  ва ҶДММ «Нуқрафом» дар шаҳри Истиқлол барои коркарди 2000 тонна нуқра  идома дорад.
 
 

Январь 5, 2015 10:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!