Наҷоти 10 нафар аз ҷониби оташнишинон
Хуҷанд, 20.01.2015. (АМИТ “Ховар”, Абдуаҳад Шарифзода).-Дар давоми соли 2014 дар миқёси вилояти Суғд 357 ҳодисаи нохуши сӯхтор ба қайд гирифта шуд, ки дар натиҷаи гузаронидани чораҳои наҷотдиҳӣ аз ҷониби кормандони оташнишонии вилоятӣ 10 нафар шаҳрванд аз коми сӯхтор наҷот дода шуд. Тавре ки ба АМИТ “Ховар” аз раёсати Хадамоти давлатии оташнишонии вилоят иттилоъ доданд, дар байни ҳалокшудагон кӯдакон нестанд, вале дар умум дар натиҷаи ин миқдор сӯхтор 7 нафар ҳалок гаштанд, ки дар қиёс бо соли 2013 ин нишондод дар умум 2 нафар кам мебошад.
Аз шумораи умумии сӯхтори сарзада 267 ададаш дар манзилхои шахрвандон ба амал омадааст. Зарари умумии сӯхтор 9 миллиону 531 ҳазор сомониро ташкил дод.
Ҳамзамон дар соли 2014 барои дағалона вайрон кардан ва сари вакт иҷро накардани талаботи бехатарӣ аз сӯхтор нисбат ба рохбарони корхонахо ва сохибкорон 36 парвандаи ҷиноӣ ва дар умум 12 731 парвандаи хукувайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуд. Фаъолияти 274 иншоот ва 1486 ҳучраи алоҳида, ки таҳдиди сар задани сӯхторро дошт, боздошта шуд.
Ба иттилои манбаъ, инчунин пас аз моҳи ноябри соли 2014 дар се маркази савдои бозори шаҳри Хуҷанд пас аз сар задани сӯхтор қарор дода шуд, ки дар соли равон дар 10 бозори калони миқёси вилоят дидбонгоҳҳои оташнишонӣ ташкил шаванд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






