Надоштани дониши иқтисодию ҳуқуқӣ-мушкил барои хизматчиёни давлатӣ
Душанбе, 06.01.2015. (АМИТ «Ховар», Манижа Баҳромзода).- Дар соли 2014 1241 нафар довталаб бинобар сабаби надоштани дониши кофӣ ва ҷавобгӯ набудан ба талаботи тахассусӣ аз озмуни мансаби холии маъмурии хизмати давлатӣ нагузашт. Гурез Қосимзода-муовини якуми директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар робита ба ин масъала гуфт: «Ин довталабон бо сабаби надоштани дониши кофӣ дар соҳаи иқтисод, ки ба соҳаҳои молияву иқтисодӣ дахл дорад, инчунин надоштани дониши ҳуқуқӣ аз озмун нагузаштанд».
Номбурда инчунин гуфт, сабабҳои дигари нагузаштани хизматчиён аз озмуни мансаби холии маъмурӣ- ин мувофиқ набудани хизматчии давлатӣ бо ихтисосаш мебошад: «Масалан ба шуъбаи иқтисод довталаб ҳатман бо доштани ихтисоси иқтисодӣ бояд ҳуҷҷат супорад, аммо ӯ бо доштани ихтисоси омӯзгорӣ ҳуҷҷат месупорад»,-мегӯяд Гурез Қосимзода. Ба гуфтаи мавсуф ҳолатҳое низ мешаванд, ки хизматчиён барои ишғоли вазифаи мудири бахш ҳуҷҷат пешниҳод мекунанд, аммо маълум мегардад, ки собиқаи меҳнатиашон ба ин мансаб мувофиқат намекунад.
Дар соли 2014 дар 3647 мансаби холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун гузаронида шуда, 2278 нафар довталаб ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ таъйин шуд, ки аз ин ҳайат 574 нафар ё 25, 2% (193 зан) ҷавонони то 35- сола мебошанд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






