Нафақа дар Роғун пурра пардохт шуд
Душанбе, 13.01.2015. (АМИТ «Ховар», Покизаи Шодмон). — Тавассути филиалҳои бонкии БДА «Амонатбонк», ҶСК «Ориёнбонк», ҶСК «Агроинвестбонк» дар шаҳри Роғун дар соли 2014 ба маблағи 198 млн. 713 ҳазор сомонӣ муҳоҷирони меҳнатӣ маблағ интиқол намуданд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли 2013 66 ҳазору 819 сомонӣ зиёд аст.
Бино ба гуфтаи раиси шаҳри Роғун Шариф Шарифзода, дар давраи ҳисоботӣ аз тарафи бонкҳо ҷиҳати дастгирии соҳаҳои гуногуни иқтисодӣ ба муштариён 5 млн. 238,7 ҳазор сомонӣ қарзҳо дода шуданд. Нисбат ба лоиҳаҳои сармоягузорӣ бояд гуфт, ки дар ҳудуди шаҳри Роғун ҳоло 16 лоиҳа аз тарафи Барномаи ҷонибдории инкишофи иҷтимоии манотиқи кӯҳистон «Фонди Оғохон» амалӣ шудааст, ки инҳо хатҳои оби нӯшокӣ дар деҳаҳо, сохтмони бунгоҳи тиббӣ ва таъмири он, сохтмони сехи дӯзандагӣ ва коргоҳи коркарди меваи тут мебошад. Маблағи умумии лоиҳаҳои мазкур зиёда аз 1,3 млн. сомониро ташкил медиҳад.
Ш. Шарифзода инчунин зикр намуд, ки дар давраи ҳисоботӣ 2225 нафар нафақахӯр ба қайд гирифта шудааст, ки аз он 947 нафар гирандаи нафақаи меҳнатӣ, 310 нафар дорои касалиҳои умумӣ, 112 нафар маъюби то 18 сола, 311 нафар гирандаи нафақаи оилаҳои бесаробонмонда мебошанд. Талаботи нафақа дар соли 2014 пурра пардохт шуд. Музди миёнаи нафақа 264 сомонӣ мебошад, ки нисбат ба соли 2013 38,8 сомонӣ зиёд аст.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






