Нахустнамоиши филми «Комил»
Душанбе, 16.01.2015. (АМИТ «Ховар», Марҳабои Азамат).- Бо ибтикори сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия 20 январ дар «Хонаи русҳои хориҷӣ ба номи Солженитсин» — и шаҳри Маскав нахустнамоиши филми мустанади коргардони маъруфи тоҷик Сафарбек Солиев «Комил» баргузор мегардад.
Дар ин бора намояндаи расмии сафорати Тоҷикистон дар Федератсияи Русия Муҳаммад Эгамзод ба АМИТ «Ховар» хабар дод.
Мувофиқи суханони манбаъ, филм дар бораи ҳаёту эҷодиёти коргардони машҳури шӯравӣ, аввалин донишҷӯи Донишкадаи давлатии кинематографияи шӯравӣ аз Осиёи Марказӣ, фарзанди бузурги халқҳои бародари Тоҷикистону Ӯзбекистон Комил Ёрматов нақл мекунад.
Ба гуфтаи муаллифи филм, Комил Ёрматов яке аз аввалин кадрҳои миллии Осиёи Марказӣ буд, ки дар Донишкадаи давлатии кинематографияи шӯравӣ таҳсил карда, ба рушди кинематографии Тоҷикистону Ӯзбекистон ҳиссаи сазовор гузоштааст. Комил Ёрматов филмҳои машҳури «Алишер Навоӣ», «Ибни Сино», «Тӯфони фазои Осиё», «Сарбозони инқилоб», «Ҳалокати Консули сиёҳ» ва бисёр филмҳои дигарро ба навор гирифтааст.
«Ба тамошои филми «Комил» сафирон ва кормандони дигари корпуси дипломатии муқими Маскав, намояндагони зиёиёни эҷодкор, ҳамчунин ҷамоаҳои тоҷикону ӯзбекон воқеъ дар Русия даъват шудаанд», — гуфт Муҳаммад Эгамзод.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






