Нархи роҳкиро боз боло меравад?
Душанбе, 22.01.2015. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ва «Душанбе нақлиёт хадамотрасон» ба Хадамоти зиддиинҳисорӣ ҷиҳати бознигарии тарофаҳои мусофиркашонии нақлиётҳои шаҳрӣ муроҷиат шуда буд. Хадамоти зиддиинҳисорӣ нархномаи пешниҳодшударо тибқи низомнома оид ба калкулятсияи арзиши аслии ҳамлу нақл мавриди омӯзиш қарор дод. Тарофаҳои нақлиёти мусофиркашонӣ аз ҷониби хадамот дар заминаи асосноккунии иқтисодии хароҷот арзёбӣ мегардад ва баъдан қарори ниҳоӣ қабул мегардад. Ин нуктаро имрӯз зимни нишасти матбуотӣ сардори Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати ҶТ Раҷабзода Абдусамад ироа намуд.
«Овоза дар бораи он ки мо ин нархномаҳоро тасдиқ карда бошем, беасос буда, маълумоти мазкур ҷиҳати муайян намудани ҳадди хизматрасонӣ пешниҳод шудааст ва дар айни ҳол тасдиқ нагаштааст. Мо барои хизматрасонии нақлиёти шаҳрӣ хулосаи хадамотро пешниҳод намудем, ки вобаста ба намуди мошинҳои мусофиркашонӣ манзур шудааст. То ҳол нархномаи мазкур тасдиқ нагаштааст ва мавриди амал қарор надорад»,- гуфт сардори хадамот.
Раҷабзода Абдусамад афзуд, ки агар дар ин самт ягон қонуншиканӣ ҷой дошта бошад, онҳо тайёранд онро пайгирӣ намоянд.
Дар мавриди он ки ҳамаи нақлиёти мусофиркашонии пойтахт нархномаи муайянгардида, яъне 80 дирам ва 1 сомонию 60 дирамро риоя накарда, 1 сомонӣ ва 2 сомонӣ роҳкиро мегиранд, сардори хадамот, гуфт ки масъалаи мазкурро шуъбаи хадамот пайгирӣ намуда, ронандаҳое, ки ба чунин амал роҳ додаанд, натиҷагирӣ шудаанд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






